Роҳбари Созмони Милали Муттаҳид даъват менамояд, ки барои бартараф намудани буҳрони «харобиовар»-и қарзӣ иқдом кунанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Буҳрони қарзӣ зарурати амалиёти фаврии ислоҳоти низоми молиявии ҷаҳонро таъкид мекунад. Дар ин хусус Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни муаррифии гузориши нави Гурӯҳи СММ оид ба вокуниш ба буҳрони ҷаҳонӣ бо номи «Ҷаҳони қарз» изҳор дошт.
«Нисфи сайёраи мо дар самти рушд ба ҳодисае рӯ ба рӯ шуда истодааст, ки бар асари буҳрони шадиди қарз ба вуҷуд омадааст», — баён намуд ӯ бо истинод ба мазмуни аслии гузориш.
Тақрибан 3,3 миллиард нафар- қариб нисфи инсоният дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои пардохти фоизи қарз нисбат ба таҳсил ё тандурустӣ бештар харҷ мекунанд.
Антонио Гутерриш ишора намуд, ки соли 2022 қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 92 триллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид, ки қисми зиёди он ба кишварҳои рӯ ба инкишоф рост меояд.
Ислоҳоти амиқи системаи молиявии ҷаҳонӣ дар як шабонарӯз ба амал нахоҳанд омад, аммо иқдоми зиёде мавҷуд аст, ки худи ҳозир бояд амалӣ намуд.
«Амал кардан осон нахоҳад буд. Аммо ин муҳим ва фаврӣ мебошад», -иброз дошт Антонио Гутерриш.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






