Рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 107,9 дарсадро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 107,9 дарсадро ташкил додааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба 18 миллиарду 658,7 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 13 миллиарду 224,3 миллион сомонӣ ё 10,4 фоиз ва дар чорвопарварӣ 5 миллиарду 434,4 миллион сомонӣ ё 2,4 фоиз зиёд аст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 64,1 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба зиёда аз 11,9 миллиард сомонӣ ё 106,0 фоиз баробар гардидааст.
Инчунин дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 10,2 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 21,1 фоиз, Хатлон- 5,5 фоиз, Бадахшон- 0,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 15,6 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 45,5 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96,7 фоиз, вилоятҳои Суғд 38,5 фоиз, Хатлон 44,5 фоиз ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 49,3 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аксар суханрониҳояшон оид ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини муттасили бозори дохилӣ таъкид менамоянд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






