«РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Хоруғ конференсияи ҷумҳуриявии сайёҳӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Нахуст ҳайати иштирокчиёни конференсия намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳиро тамошо намуданд.
Дар конференсия масъалаҳо вобаста ба афзалияти соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, обҳои шифобахш-омили рушди сайёҳӣ дар Бадахшон, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳҳои рушди инфрасохтор дар Бадахшон, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ғайра баррасӣ шуд.
Таъкид карда шуд, ки табиати нотакрору биҳиштосо, таърихи бостониву ғанӣ, хосиятҳои шифобахши ҳаво ва чашмаҳои маъданӣ, фарҳанги хоси меҳмоннавозии мардум, меваҳои шаҳдбор, мавзеъҳои табиӣ ва таърихӣ Тоҷикистонро ба макони зебоӣ ва фароғати сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил додааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми намоён гузорад.
Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконот ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақае ҷой гирифтааст, ки аз лиҳози таърихӣ яке аз сарзаминҳои куҳани маскани инсоният маҳсуб мешавад. Ин сарзамине аст, ки бо маҳбубияти таърихии хеш диққати садҳо муҳаққиқу сайёҳони ҷаҳонро ҷалб намудааст. Маҳз ёдгориҳои бузурги таърихии давлати мо яке аз нишонаҳои таърихи куҳан доштани тоҷикон ва тамаддунофар будани ниёгони мо ба ҳисоб мераванд. Инҳо ёдгориҳое мебошанд, ки таърихи ташаккул ва рушди тамаддуни ниёгони тоҷиконро дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ собит месозанд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки имрӯз сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳони муосир мебошад, ки дар таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 бо мақсади пешбурд ва оммавигардонии соҳаи сайёҳӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Мақсади стратегияи мазкур таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Конференсияи ҷумҳуриявӣ аз рӯи 3 панел ду рӯз идома меёбад.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»













Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид






