Сӯхторҳои ҷангал дар Юнон тадриҷан хомӯш мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сӯхторнишонони Юнон мубориза бо манбаъҳои нави сӯхторро идома медиҳанд, аммо дар маҷмуъ сӯхторҳои ҷангал, ки ду ҳафта боз дар ин кишвар идома доранд, тадриҷан коҳиш меёбанд, хабар медиҳад «Казинформ» бо истинод ба «Синхуа».
Иттилоъ дода шудааст, ки вазъият дар минтақаи Волос низ, ки дар он ҷо рӯзи панҷшанбе бар асари сӯхтор дар анбори аслиҳаи неруҳои ҳавоии Неа Анхиалос якчанд таркишҳо ба вуҷуд омаданд, беҳтар гардидааст.
Тибқи иттилои мақомот, кормандони пойгоҳи низомӣ ва тақрибан ду ҳазор нафар бо мақсади эминӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Давоми 10 рӯзи охир дар Юнон 667 сӯхтори ҷангал ба қайд гирифта шуд,- хабар дод дар брифинг вазири буҳрони иқлимӣ ва ҳифзи шаҳрвандӣ Василис Кикилиас.
Дар ин ҳафта дар натиҷаи сӯхтор дар ҷангал панҷ нафар, аз ҷумла сарнишинҳои ҳавопаймое, ки ҳангоми мубориза бо сӯхтор суқут кард, ҳалок шуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






