Сӯхтори ҷангалҳо дар Туркия бар асари гармои шадид идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари гармои давомдор, ки аксари манотиқи кишварро фаро гирифтааст, охири ҳафта дар вилоятҳои ҷанубӣ ва ғарбии Туркия сӯхтори ҷангалҳо ба амал омад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ додааст, дар ин хусус расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.
Рӯзҳои истироҳатӣ бинобар якбора баланд шудани ҳарорат ва коҳиши намӣ дар вилоятҳои ҷанубии Ҳатай ва Мерсин, инчунин дар вилояти Чанаккале дар шимолу ғарби Туркия сӯхтори ҷангалҳо ба амал омад, хабар додааст агентии нимарасмии «Анадолу».
Сӯхторнишонҳо барои хомӯш кардани оташ ба деҳаи Қизилкечилии Чанаккал ва як деҳаи ҳамсоя фиристода шуданд, хабар додааст агентии иттилоотии маҳаллии Demiroren.
Тавре вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликай ба хабарнигорон гуфт, рӯзи якшанбе дар маҷмуъ 19 сӯхтор рух додааст, ки 16-тои он таҳти назорат гирифта шудааст.
АКС: «Синхуа»








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






