Санъаткорони шаҳри Ҳисор барномаи пуршукӯҳи фарҳангиро пешниҳоди сокинони Душанбе намуданд

Июль 3, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе  бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи ҷолибу пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Таъкид шуд, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази умеду ормон гаштааст ва бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз симои худро куллан дигаргун намуда, зебову назаррабо гардидааст.

Шаҳри Ҳисор бо таърихи беш аз 3000-сола дар шафати пойтахт — шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳисор на танҳо  таърихи қадимаи ин водӣ, балки  минтақаро  таҷассум мекунад.  Гуфта шуд, ки дарҳои Ҳисори бостон ҳамеша ба рӯи сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, сайёҳону ҷаҳонгардон боз буда, ҳамасола меҳмонони зиёд бо маконҳои таърихию фарҳангии Ҳисор шинос мешаванд.

Овозхонону мутрибони Театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, ҳунармандони ансамбли фолклории «Бобоҷоно» ва ансамбли рақсии «Сарвиноз» барномаи ҷолибу пуршукӯҳи фарҳангиро, ки аз шеъру таронаҳо дар васфи  Ватан, Истиқлол, Ваҳдат ва зебогиҳои диёр иборат буд, пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 3, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон