Саноатчиёни Суғд ба маблағи 12,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

Июль 22, 2023 14:35

ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Саноатчиёни вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли равон  ба маблағи 12,1 миллиард  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки бо истифодаи индекси нархҳо суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 фоиз зиёд буда, ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 58,5 фоизро ташкил додааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Таҳлили вазни муқоисавии  шаҳру навоҳии вилоят дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бозгӯи он аст, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар 15 шаҳру ноҳияи вилоят суръати мусбати рушд таъмин шуда, аз он дар 10 шаҳру ноҳия суръати рушд аз 120 фоиз ҳам зиёд гардидааст.

Ба иттилои сардори Сарраёсати омори Суғд Ҳокимбек Накҳатзода, дар айни замон дар соҳаи саноат 1011 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки 37 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ дорад. Дар маҷмуъ, аз шумораи умумии корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда 694 корхона ё 68,6 фоиз нисбат ба нимсолаи якуми соли 2022 сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд.

Дар ин давра саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 3 миллиарду 658,2 миллион сомонӣ ё 9,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд шудааст. Сабаби зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулот дар соҳа аз ҳисоби истеҳсоли симоб — 1,6 баробар, ангишти бӯр — 10,8 фоиз,  металли сурб — 17,3 фоиз ва металли сурма — 4,9 фоиз ба амал омадааст. Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард  7 миллиарду 297,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,2 фоиз зиёд шудааст, ки он асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани маҳсулоти нонӣ — 12,7 фоиз ё 260,4 тонна ва равғани растанӣ — 16,3 фоиз ё 1842,0 тонна ба амал омадааст. Ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ 39,1 фоизи истеҳсолот дар соҳаи коркардро ташкил дода, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 23,2 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ дар моҳҳои январ-июни соли равон 1,1 миллиард сомонӣ ё 1,7 баробар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд гардидааст. Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 28,4 миллион сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 фоиз зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир соҳаи саноати шимоли мамлакат тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чандин маротиба зиёд шудааст. Саноатчиёни Суғд зарфи  солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба нишондиҳандаҳои басо назаррас ноил гардида, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми хосса доранд.

Дар ин давра бобати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда ва ба ин васила таъмини саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат саноатчиёни Суғд ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардидаанд.

       АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2023 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд