Саридораи геология дар шашмоҳаи аввали соли равон корҳои омӯзиши геологиро аз рӯи 27 лоиҳа ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 29.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 июл Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Саридора дар давраи ҳисоботӣ омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, идома дод.
Ҳамзамон баён гардид, ки зерсохторҳои саридора корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 27 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монданд.
Иброз дошта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон зерсохторҳои саридора намуд ва ҳаҷми гуногуни корҳои иктишофи геологӣ, аз қабили аксбардорҳои геологӣ, геохимиявӣ, топографӣ, гамма-спектрометрӣ, гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ, сохтмони роҳ ва омодасозии майдончаҳои пармакунӣ, корҳои нақбканию пармакунӣ, маҳакбардорӣ ва коркарди маҳакҳо, таҳлилҳои спектралӣ, тиллоспектралӣ, рентгенӣ-спектралӣ, химиявӣ, ҷазби атомӣ ва пробирӣ ва ғайраро тибқи нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда ба анҷом расониданд.
Дар самти корҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар объекти «Кадастри давлатии об» аз ҷониби корхонаҳои воҳидии Саридораи геология мушоҳидаҳои аввалин дар 16 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавӣ дар 59 обанбор ва 222 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 185 обанбор ва 38 пармачоҳ иҷро гардида, 214 маҳак барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






