Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Роштқалъа бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти гидроэнергетикии вилоят — Неругоҳи барқи обии «Себзор», воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бунёди неругоҳ кормандони «Тоҷикгирдолектромантаж» машғул буда, айни замон корҳои заминӣ бо ҷалби беш аз 44 техникаи ҳозиразамон пеш бурда мешаванд.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки корҳои сохтмониро вусъат бахшида, дар муҳлати муқарраргардида агрегати якуми неругоҳро ба кор дароранд.
Таъкид гардид, ки сарбанди неругоҳ 9 метр баландӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, то имрӯз 90 дарсади корҳои заминӣ дар ин қисмати сохтмон иҷро шудааст.
Неругоҳи барқи обии «Себзор» аз 3 агрегат иборат буда, баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегават соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза тавлид карда мешавад.
Дар корҳои сохтмони неругоҳ 210 сокини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғул мебошанд. Гуфта шуд, ки кор дар Неругоҳи барқии обии «Себзор» аз рӯйи нақшаи пешбинигардида идома дошта, то соли 2024 ин иншооти муҳими иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон










Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






