Се вилояти Туркияро сӯхтори ҷангал фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Туркия шаби сешанбе гуфтанд, ки барои хомӯш кардани сӯхтори ҷангал дар се ноҳияи вилояти Анталия ва ду вилояти дигари ин давлат талош доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар медиҳад.
«Мо муборизаро бо сӯхтори ҷангал дар навоҳии Каш, Кемер ва Ташайли музофоти Анталия, инчунин дар деҳаи Саруханли вилояти Маниса ва Дулкадироғлуи вилояти Қаҳрамонмараш идома медиҳем»,- хабар додааст дар ин хусус дар Твиттер Департаменти генералии хоҷагии ҷангали Туркия.
Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган рӯзи душанбе аз шаҳрвандон даъват кард, ки нисбат ба ҷангалҳо бештар бодиққат бошанд ва ба пайдо шудани хурдтарин манбаи оташ дар наздикии ҷангал роҳ надиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, ба хомӯш кардани сӯхтор дар ҷангал 24 ҳавопаймо, 100 чархбол ва даҳ ҳавопаймои бесарнишин, инчунин 25 ҳазор сӯхторнишонҳо ҷалб шудаанд. Ҳамчунин ду ҳавопаймои амфибия*-и Русия барои кумак ба Туркия омадаанд.
АКС аз манбаъҳои боз
_______________________________
Амфибия*-ҳавопаймое, ки ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ гашта метавонад








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






