Шаҳрвандони Тоҷикистон Академияи давлатии авиатсионии Беларусро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн маросими тантанавии супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Академияи давлатии авиатсияи Беларус дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар сафи онҳо 13 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Минск хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар Беларус зимни суханронии табрикотӣ, ба ҷониби Беларус, алалхусус ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Академия барои таълиму тарбияи мутахассисони тоҷик дар соҳаи авиатсия изҳори миннатдории самимӣ намуд.
Таъкид гардид, ки хатмкунандагони Академияи давлатии авиатсияи Беларус метавонанд дар рушди соҳаи авиатсияи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Айни ҳол дар Академияи мазкур зиёда аз 60 нафар курсантҳои тоҷик таҳсил менамоянд, ки барои гирифтани таҳсилоти босифат ин академияро интихоб намудаанд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Беларус








Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад






