Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ гардид

Июль 20, 2023 18:55

ДУШАНБЕ, 20.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 июл Вазири рушди иқтисод ва савдо Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзуи «Рушди сабз барои ояндаи дурахшони устувор ва фарогир» дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати номбурда.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2022 дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Аз рӯи баҳогузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 70 фоизи ҲРУ ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромади аҳолӣ 2,1 баробар, музди миёнаи меҳнат 1,5 баробар ва андозаи нафақа 1,3 баробар афзоиш ёфтааст.

Чунин баён карда шуд, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5 — уми глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон доштани 21 март бо қатъномаи Ассамблеяи генералӣ якдилона қабул гардид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манбаи беш аз 60% захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ буда, 98%-и неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар айни ҳол Тоҷикистон аз рӯи истифодаи энергияи «сабз» дар ҷаҳон мавқеи шашумро ишғол мекунад. Бо бунёд ва пурра ба фаъолият оғоз намудани НБО «Роғун» мавқеи Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷаҳон ба зинаи чорум хоҳад расид. Ҳамзамон Тоҷикистон ба қатори давлатҳои дорои ҳиссаи ночизи партовҳои газҳои гулхонаӣ дохил мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2000 МВт иқтидорҳои иловагии барқӣ ба истифода дода шудаанд, ки дастрасии аҳолии деҳотро ба неруи барқ то 98% дар соли 2022 расонида, камбизоатии энергетикиро коҳиш дод. Тибқи арзёбии ҷаҳонии энергетикӣ World Energy Trillema, Тоҷикистон аз лиҳози амнияти энергетикӣ ба рӯйхати 10 давлати пешсаф шомил гардид.

Давоми соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини саноатикунонии босуръат ва рушди инфрасохтори мамлакат 2400 км роҳ, 326 пул, 6 нақби автомобилгард, 219 км роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои аъзои СММ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ якчанд саволҳо дода шуданд, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо посухҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2023 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст