Шаш маҳалла ва чор кӯча: интернет барои хона бештар дастрас мегардад
ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 сокинони 300 хонаи дигар дар шаҳри Душанбе ба «Интернет барои хона» аз оператори имконияти нави рақамӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Ҳамин тариқ, ҳоло дар беш аз 630 бинои истиқоматии пойтахти ҷумҳурӣ пайвасти ноқилӣ аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастрас мебошад.
Имсол дастрасии собити баландсуръат (ТМСБ) аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар якчанд маҳаллаҳои истиқоматии шаҳри Душанбе пайдо шуд*. Қариб 240 хона тавассути технологияи GPON («ба таври нурӣ-нахӣ то манзил») пайваст шуд, ки он дар тамоми давраи мавҷудияти хизматрасонӣ зиёда аз 450 хонаро дар бар мегирад, яъне аз шумораи пешбинишуда ҳоло тахминан дар 70% тамоми биноҳо пайвасти интернети ноқилии оператор имконпазир аст. Ба технологияи GPON ҳамчун технологияи боэътимодтар ва мувофиқ барои муштариён афзалият дода мешавад.
Директор оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев мегӯяд, ки одатан дар маҳаллаҳо оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ҳадди ақал аз 3 то 5 дастгоҳи дорои дастрасӣ ба интернет ва хизматрасонии зиёди иттилоотӣ-фароғатиро истифода мебаранд. Аз ин рӯ, хизматрасонии дастраси ноқилӣ бо имконияти тақсими трафик дар ин ҷо хеле муҳим аст. Аллакай соли гузашта мо бо истифода аз технологияи GPON ба пайвасткунии «яклухт»-и хонаҳои шаҳри Душанбе шуруъ намудем. Ҳоло бо шарофати корҳои анҷомдода қариб 14 ҳазор оилаи дигар метавонанд аз «Интернет барои хона» истифода баранд.
Барои пайвасткунии интернети хонагӣ имконияти техникии дастрасиро дар суроғаи муайян санҷидан зарур аст. Тафсилот аниқ шуда, дар сомонаи оператор дархост гузошта мешавад.
___________
*Дастрасиро ба интернети ноқилӣ сокинони маҳаллаҳои №№11, 12, 14, 91, 92 ва 101, хонаҳои №№85, 85/1, 87 ва 89 дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Назаршоев 11, Истаравшан 20 ва Истаравшан 18, дар хонаҳои №№34/1, 36, 36/1, 36/1А, 36/2, 36/2А, 39 ва 39/1A-и к. Ғафуров, инчунин №№5, 7 ва 9 дар к. Баҳоваддинов пайдо намудаанд.
АКС: Ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд






