Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» интиқоли мусофиронро тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли равон тавассути хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ ва маҳаллӣ 360 ҳазор нафар мусофир интиқол додааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 180 ҳазор нафар зиёд мебошад. Интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳаҷми умумӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 78,7 фоиз, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 21 фоиз ва аз Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 0,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазам ва транзитиро аз Тоҷикистон ба Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Узбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Олмон, Арабистони Саудӣ ва дар хатсайри маҳаллии Душанбе-Хуҷанд-Душанбе иҷро намуд.
Ҳамзамон ширкат дар ин давра 512 тонна бор интиқол додааст, ки дар муқоиса нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 127 тонна зиёд мебошад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин давра беш аз 833 миллион сомонӣ даромад ба даст овардааст, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 103 миллион сомонӣ зиёд арзёбӣ мегардад. Хароҷоти ширкат зиёда аз 818 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 102,4 миллион сомонӣ ё 14,3 фоиз зиёд аст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин давра ширкат ба буҷети давлат беш аз 15,5 миллион сомонӣ пардохт намудааст.
Гуфта шуд, ки ҳоло парки техникии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ду ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-900, ду ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-800, як чархболи Airbus H-125 ва 1 чархболи МИ-8 АМТ иборат мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






