Шумораи ҳалокшудагон бар асари боронҳои шадид дар Ҷопон ба 7 нафар расид

Июль 13, 2023 17:25

ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафари дигар бар асари боронҳои шадид дар ҷанубу ғарби Ҷопон ба ҳалокат расиданд, ки дар натиҷа шумораи умумии фавтидагон ба 7 нафар расид, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Kyodo.

Боришот баъзе минтақаҳои Кюсюро фаро гирифта, боиси фаромадани ярч ва болоравии сатҳи оби дарёҳо гардид ва ба кори обу корезӣ ва роҳҳо мушкилӣ ба миён овардааст. Бо вуҷуди ин, полис ва оташнишонҳо ҷустуҷӯи ду гумшударо идома доданд.

Мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки ҷасади марди 79-соларо дар лаби дарёи Каратсуи префектураи Сага пайдо намурданд. Рӯзи душанбе инчунин ҷасади зани 70-соларо пайдо карда буданд.

Қаблан дар префектураи Фукуока дар гузаргоҳи зеризаминии зери об монда шаби душанбе ҷасади як мард пайдо карда шуд. Боз як марди 50-сола гумшуда боқӣ мемонад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Kyodo

Июль 13, 2023 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад