Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи фурӯ рафтани бинои бисёрошёна дар Бразилия ба 14 нафар расид

Июль 10, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи фурӯ рафтани бинои бисёрошёна, ки 7 июл дар шаҳри Ресифии иёлоти Пернамбукуи Бразилия рух дод, ба 14 нафар расида, 7 нафари дигар наҷот дода шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи шанбе хадамоти оташиншонии иёлот хабар додааст.

Амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар ҷойи ҳодиса аллакай ба анҷом расидааст. Дар он 50 нафар оташнишонҳо бо дастгирии ихтиёриён иштирок намуданд. Се нафаре, ки аз зери харобаҳо наҷот ёфта буданд, аллакай ба бемористон интиқол ёфта, чор нафари дигар, ки ҳангоми фурӯ рехтани бино дар берун буданд, ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ, 7 июл сокинон аз 6 бинои наздикии манзили фурӯрафта ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.

Тибқи иттилои дастрас, хонаи бисёрошёнаи фурӯрехта дар солҳои 1970 сохта шуда, сохти ноустувор дошт. Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки истифодаи ин бино аз соли 2010 инҷониб манъ гардидааст, вале онро шахсони бесарпаноҳ ишғол намудаанд.

Ин фурӯравии бино маротибаи дуюм аст, ки дар иёлоти Пернамбуко ба амал меояд. Рӯзи 27 апрел дар шаҳри Олинда як бинои сеошёна фурӯ рафта, оташ гирифт, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Июль 10, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад