Соли 2023 вилояти Суғд ба маблағи 424,6 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот намуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба 1 миллиарду 350,8 миллион доллари ИМА расонида шуда, ҳаҷми воридот 926,2 миллион доллар ва содирот 424,6 миллион долларро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ҳамагӣ 149 854 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 235,8 миллион доллар, 252348 тонна семент ба маблағи 8,1 миллион доллар ва 22407 тонна нахи пахта ба маблағи 40,2 миллион доллар содирот шудааст.
Дар ин давра ба маблағи 5,3 миллион доллар 2077 тонна калоба ва ба маблағи 12,8 миллион доллар 816 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 4,0 миллион доллар ва 1,8 миллион долларро ташкил дод.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2023 85 185 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 18,1 миллион доллар, аз ҷумла хушкмева 24620 тонна ба маблағи 10,1 миллион доллар содирот шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






