Соли равон дар Хуҷанд 34 корхонаи нав таъсис ёфта, 208 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд 34 корхонаи нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 208 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти ироҷияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Ҳамзамон дар 108 корхонаи хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 млн. сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 115,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи мамлакат маҳсулот содирот карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Илова бар ин, дар шаҳр номгӯи намуди маҳсулоти саноатӣ низ зиёд шудааст, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардида, ба 17 кишвари хориҷӣ содирот карда мешавад.Дар корхонаҳои саноатии шаҳр бештар маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ ва пойафзоли бачагона истеҳсол гардида, содирот низ карда мешаванд.
АКС: Мақомоти ироҷияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






