Тӯфони сахт Доксури Филиппинро фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тӯфони сахт Доксури, ки рӯзи чоршанбе шимоли Филиппинро фаро гирифта, ҳамроҳ бо худ шамоли сахт ва боронҳои шадид овард, як нафар ҳалок гардид. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҳазорон нафар бе барқ монданд, хабар медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Reuters.
Бисёре аз сокинони деҳаҳои наздисоҳилӣ пеш аз он ки тӯфон бо суръати то 175 километр дар як соат (108 мил дар як соат ) ба амал ояд, ба ҷои бехатар кӯчонида шуданд.
Интизор меравад, ки тӯфон боқӣ монда, субҳи рӯзи ҷумъа соҳилҳои музофоти соҳилии Чинро фаро мегирад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






