Тӯфони «Талим» ба минтақаҳои соҳилии ҷануби Чин борони сел меорад

Июль 18, 2023 14:54

ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Маркази миллии обуҳавошиносии Чин, тӯфони «Талим», ки имсол чорумин маротиба меояд, шоми 17 июл ба замини байни ноҳияи Дианбаи шаҳри Маоминги музофоти Гуандун ва шаҳри Венчан дар музофоти Ҳайнан ворид шуда, боду бориши шадидро дар минтақаҳои соҳилии ҷануби Чин ба амал овард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба агентии «Синхуа» хабар додааст.

Маркази миллии обуҳавошиносӣ ба мақомоти маҳаллӣ тавсия додааст, ки ба вокуниши фаврӣ ба тӯфон омода бошанд ва бар зидди офатҳои эҳтимолии геологӣ тадбир андешанд, инчунин  ба сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон маслиҳат додааст, ки дар ҷойҳои амн боқӣ бимонанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ

Июль 18, 2023 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад