ТАҚДИРИ НАСЛИ МИЛЛАТ БАР ЗИММАИ ТУ БОР АСТ. Директорони мактабҳои пойтахт таҷрибаи муосир меомӯзанд

Июль 25, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дода буд, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даври омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» идома дорад.

Чунин даври омӯзишӣ бо иштироки кормандони муассисаҳои таълимии пойтахт доир шуд, ки дар он собиқадори соҳа, Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба шунавандагон доир ба баланд бардоштани савияи таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳо бо иштирокчиёни машғулият суҳбати озод намуд.

Зимни суҳбат директорони муассисаҳои пойтахтро даъват намуданд, ки аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода бурда, барои тайёр намудани мутахассисони дорои дониши хуб ва ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва аз худ намудани забонҳои русиву англисӣ камари ҳиммат банданд.

Мақсади баргузории машғулият- омӯзиши таҷрибаи муосир, раванди пурраи кори директори муассисаи таълимӣ ва баланд бардоштани савияи таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳо мебошад.

Зимни омӯзиш иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор намуда, барои худ таҷрибаи васеъ гирифтанд.

Тибқи нақша, марҳилаи ниҳоии омӯзиш 16 август барои кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сангвор ба анҷом мерасад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

 

Июль 25, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд