ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Олимон аз эҳтимоли вайрон шудани низоми ҷории уқёнусӣ дар ҷаҳон ҳушдор медиҳанд

Июль 29, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳқиқоти нави олимони Дания, низоми ҷории уқёнусӣ, ки гармиро ба самти шимол аз уқёнуси Атлантика  интиқол медиҳад, дар ин аср метавонад вайрон шавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.

Муаллифони тадқиқот ба хулосае омаданд, ки гардиши меридиании Атлантика тайи чанд даҳсола аст, ки суст шуда истодааст.

Олимон қаблан ҳушдор дода буданд, ки сактаи комили ин низом метавонад боиси бад шудани ҳаво дар Аврупо ва болоравии сатҳи баҳр дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико гардад.

Дар таҳқиқоти худ олимони Дания гуфтаанд, ки вайроншавии низом метавонад дар байни солҳои 2025 ва 2095 рух диҳад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 29, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд