ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июл, душанбе, 191-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 10, 2023 08:00

10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд. Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

***

Дар ин рўзи соли 2020  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввалин эстакадаро ифтитоҳ намуданд.  Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст. Дар доираи лоиҳа корҳои навсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

***

Дар ин рўзи соли 2020  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиз»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии он беш аз 2 гектарро дар бар мегирад.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии  «Роғун» шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом доданд.

***

13 сол пеш, 10 июли соли 2010  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бавилояти Суғд, аз шаҳри Истаравшан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, як қатор иншооти навбунёд, аз ҷумла  корхонаи муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон «Олимпия» -ро мавриди истифода қарор дода,  бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту сўҳбатҳо намуданд.

10 ИЮЛ:

Дар Мавритания — Рӯзи артиш.

***

Дар Муғулистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.

***

Дар Русия – Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ.

РӮЙДОДҲО:

10 июли соли 2012 ширкати хавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози худро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе анҷом дод.

***

10 июли соли 2014 ҷавони тоҷик Шаҳром Сулаймонов беҳтарин футболбози Русия интихоб гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд.

***

10 июли соли 2017 Телевизиони Узбекистон филми мустанади «Узбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки онро шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар маҷмӯъ дар фабрикаи дӯзандагии навбунёд 350 нафар бонувони ҳунарманд, соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷаббор Расулов — соли 1913 — Арбоби барҷастаи давлатӣ

Июль 10, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш