ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июл, сешанбе, 192-юмин рӯзи соли 2023 аст

Июль 11, 2023 08:00

11 июли соли 2008  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав бо рафти кишти такрории заминҳои обӣ дар кооперативи истеҳсолии «Қаҳрамони озод» аз наздик шинос шуданд. Сарвари давлат  дар роҳи бозгашт ба шаҳри Душанбе ҳамчунин шоҳиди кори пурҷӯшу хурӯши аҳли заҳмати хоҷагии Файзбахш-2-и ноҳияи Ҳисор шуданд, ки муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вусъат додани кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсолоти ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии худӣ дастури кори хеш қарор додаанд.

***

Дар ин рўзи  соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

14 сол пеш, 11 июли соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

***

13 сол қабл, 11 июли соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаю вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуданд.  Сарвари давлат  дар оғози суханронӣ  аз рафти сафари 4 – рўзаи кории худ ба вилояти Суғд ва аз руҳияи баланди созандаи мардуми заҳматдўсти шаҳру ноҳияҳои он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

11 июли соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Худи ҳамон рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.     

***

11 июли соли 2017 дар Кохи Борбад мулоқоти Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат  бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Зимни суханронӣ  Пешвои миллат дар бораи нақши Қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми даҳ соли қабули он маънидод намуданд.

*** 

11 июли соли 2019 дар Қасри миллат бо иштироки Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

11 ИЮЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии нуфуси аҳолӣ.

***

Рӯзи байналмилалии шоколад.

РӮЙДОДҲО: 

11 июли соли 2021 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд.

***

Дар ин рўзи  соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

11 июли соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

***

12 сол пеш, 11 июли соли 2011 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими супоридани раёсат дар Гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид.

***

11 июли соли 2015 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки рассом-ороишгари Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Зокир Собиров дар намоишгоҳи «Мавҷи байналмилалии ҳунар»-и шаҳри Ню- Йорк, ки таҳти унвони «Ҳунар дар ҳоли рушд» баргузор шуд, ғоибона иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи асосӣ — «Уқоби тиллоӣ» гардид. Номбурда дастпарвари Донишкадаи театр, мусиқӣ ва кинематографияи шаҳри Санк-Петербург буда, асарҳои офаридаи ў дар намоишгоҳҳои байналмилалии дохилу хориҷ, аз ҷумла дар Алҷазоир, Испания, Италия, Ҳиндустон ва шаҳрҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ ба намоиш гузошта шудаанд.Ӯ дар ороиши бинои нави Китобхонаи миллӣ заҳмати зиёд кашидааст. Дар долонҳову толорҳои китобхона маҳсули эҷодиёти нодиру дасти пуркори ӯ фазои вежаи маънавӣ офарида, ҳусни ин бинои муҳташамро дучанд намудааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ…

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат  баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласаи Шӯро ду қонуни мукаммал- қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Июль 11, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст