ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июл, чоршанбе, 193-юмин рӯзи соли 2023 аст

Июль 12, 2023 08:00

12 июли соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) аз ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.

 ***

Дар ин рўзи  соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ доир намуданд. Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳоро муҳокима намуда, ҷараёни мусбати рушди онҳоро тайи солҳои охир иброз доштанд.

***

12 июли соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии «Чашмаи Нуқра» шинос шуданд.

***

Дар ин рўзи  соли 2019 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара  бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоб ва дар деҳаи Кули Сӯфиёни деҳоти Оқсу Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

***

12 июли соли 2019 Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон”-ро ифтитоҳ намуданд. Роҳи мошингарди  мазкур  21 километр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дошта, дар доираи навсозии  он корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ ба анҷом расид. Дар мавзеъҳои обгузар 9 қубури калонҳаҷми обпарто хобонда шуда, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ дар масофаи 1,7 километр иҷро гардид. Деҳоти Оқсу аз маркази ноҳия дар масофаи 25 километр дур ҷойгир аст ва акнун бо навсозӣ роҳ чандин маротиба наздик ва вақти сафар кӯтоҳ карда шуд.

***

12 июли соли 2019  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ҳамчунин  Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ намуданд. Беморхонаи мазкур  ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботубхона, Қули Суфиён ва Қунғуртут хизмат мерасонад.

***

11 сол қабл, 12 июли соли 2012 дар Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон-Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

12 ИЮЛ:

Рӯзи суратгирон.

***

Дар Аргентина – Рӯзи муқимиҳо.

***

Дар Ҷумҳурии Кирибатӣ – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

 12 июли соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва масъалаҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.

***

12 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо  оид ба  ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ ҷамъомад баргузор гардид.

 ***

12 июли соли 2012 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба имзо расиданд. 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ… 

Соли 2015 сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми 12 июл  вориди шаҳри Душанбе шуд,  бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Барои истиқболи меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Тоҷӣ Усмон -соли 1906 — нависанда, рӯзноманигор, дорандаи ордени Нишони фахрӣ, медалҳо, баранда  Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ.

Июль 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст