ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июл, панҷшанбе, 194-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 13, 2023 08:00

13 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ ва шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо сохтмончиёни ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд. Сарвари давлат  аз мулоқоти охирин бо сохтмончиёни НБО-и  «Роғун», ки беш аз якуним сол сипарӣ гаштааст,  ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки корҳои дар ин муддат ба анҷомрасонидашуда қонеъкунанда буда, собитгари матонату диловарии ҳар як сохтмончӣ мебошад.

***

Дар ин рўзи 13 июли соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Дабири кулли ин Созмон Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

13 июли соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид.

***

13 июли соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Тагор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ расман ифтитоҳ ёфт.

***

11сол пеш, 13 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

***

13 июли соли 2004  дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ба вилояти Суғд Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони вилоят масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2004-ро баррасӣ намуда, дастоварду проблемаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғдро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати беҳтар намудани корҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

***

 22 сол қабл, 13 июли соли 2001  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда,  аз намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи вилоят дидан намуданд. Сарвари давлат ба  маҳсулоти корхонаҳои «Хуҷандзил», «Хуҷандатлас», «Зарбоф», «Кабоол-Тоҷиктекстайлз», «Қолинҳо», «Зиннат» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хусусан аз маҳсулоти корхонаи  «Хуҷандзил», ки дар як сол зиёда аз 500 автобус сохта ба кишварҳои ИДМ ба фурӯш мебарорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Президенти мамлакат дастур доданд, ки  бояд фармоиш ва хариди автомошинаҳои корхона дар дохили  мамлакат  низ ба таври густурда ба роҳ монда шавад.

***

13 июли соли 2001  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд  сафари корӣ анҷом доданд. Дар доираи ин сафар Сарвари давлат  ба шаҳрҳои    Хуҷанд, Исфара ва  Конибодом ташриф  оварда, бо роҳбарон ва фаъолони вилоят машварати корӣ  доир намуданд. 

13 ИЮЛ:

 Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

***

Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

РӮЙДОДҲО: 

13 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид. 

***

13 июли соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

 13 июли соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2022 бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи  мамлакат  дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022, №283 Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Нишони мазкур даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохили давра сутуни заррин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори заррин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой гирифтааст. Дар атрофи сутун шохаҳои дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ тасвир ёфтаанд.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Бақо Содиқ -соли 1941-коргардони синамои тоҷик ва узбек, дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.

Июль 13, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст