ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 июл, ҷумъа, 195-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 14, 2023 08:00

14 июли соли 2022 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду  мамлакат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад. 

***

Дар ин рўзи  соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо- вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.

 ***

14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд.

***

6 сол пеш, 14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и «Норак», дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи «Норак», лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд.

*** 

9 сол пеш, 14 июли соли 2014  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати «Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот Ли Ян Ҷе изҳор дошт, ки онҳо тасмим доранд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд.

*** 

15 сол қабл, 14 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

14 ИЮЛ:

Дар Фаронса иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия. 

РӮЙДОДҲО:

14 июли соли 2022 байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 ***

14 июли соли 2021 Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон тавсеаи муносиботи дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

14 июли соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  рӯнамоии   китоби  тозанашр  таҳти унвони «Китоб-сарчашмаи маърифат»  доир гардид.  Дар китоби мазкур  маҷмӯи мақолаҳои  олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китоб, хизмати пурарзишу таърихӣ ва адабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати китоб гирд омада, бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир»   ба чоп расидааст.

***

14 июли соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Америка баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар варзишгоҳи «Металлург» чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии  «Регар-ТадАЗ» бо клуби «Энергетик»- и Душанбе баргузор гардид.

***

14 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли  2021 дар пойтахти  мамлакат  иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум  доир гардид. Иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гарддид. Ба  рӯзномаи кори  иҷлосия  7 масъала, аз ҷумла,  иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба иншооти бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, оид ба иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ, дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ашур Ҳайдаров -соли 1916 -Рассоми халқии Тоҷикистон , Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон

Июль 14, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш