ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июл, шанбе, 196-умин рӯзи соли 2023 аст
15 июли соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо фаъолони шаҳр, шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, боздид аз маҳалли барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Сафари кории Сардори давлат дар шаҳри Роғун нахуст аз иштирок дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун оғоз гардид.
***
Дар ин рўзи соли 2015 Президенти мамлакат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқот карда, суханронӣ намуданд. Пешвои миллат дар ин мулоқот иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Роғун дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ободиву пешрафти мамлакат, ҳифзу густариши арзишҳои милливу фарҳангӣ бо хислатҳои неки ҳунармандиву меҳнатдӯстӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва меҳмоннавозиву эҳтиром ба анъанаҳои гузаштаву имрӯзаи халқамон саҳмгузорӣ менамоянд.
***
8 сол пеш, 15 июли соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузоштанд. Бояд як озмоишгоҳи сохтмонии мустақил ва дорои таҷҳизоти замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бунёд мегардид ва бо ҳидояту дастгирии бевоситаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон озмоишгоҳи замонавӣ, ки ба андешаи мутахассисон дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, сохта ба истифода дода шуд.
***
15 июли соли 2015 дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф оварданд. Пешвои миллатдар нерӯгоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ дидан карда, бори дигар таъкид намуданд, ки: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад. Нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».
***
12 сол қабл, 15 июли соли 2015 Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ба истифода додани як зумра иншооти наву замонавӣ ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Файзобод сафар намуданд.
***
15 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мушовири Президенти ИМА дар масъалаҳои амнияти миллӣ Майкл Макфол мулоқот намуданд. М.Макфол баъди мулоқоташ бо Президенти Тоҷикистон зимни суҳбати мухтасар бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иброз дошт, ки ҳамроҳи Президент проблемаҳо ва масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
15 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш Шайх дар маросими муаррифӣ ва тақдими китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Миср ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудааст, иштирок намуда, ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» ҷаноби Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри он саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.
***
14 сол пеш, 15 июли соли 2009 дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Филиппин хонум Глория Макапагал Ароййо мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду мамлакат баррасӣ шуд.
15 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.
***
Дар Ботсвана – Рӯзи президент.
***
Дар Бруней – Рӯзи султон.
РӮЙДОДҲО:
15 июли соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷкистон чорабинии муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари Ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор» баргузор гардид.
***
15 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид. Дар он гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 6752 нафар ҳунармандон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 226 адад ба ВМКБ, 1636 адад ба вилояти Хатлон, 3983 адад ба вилояти Суғд, 828 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 79 адад ба шаҳри Душанбе рост меоянд.
***
15 июли соли 2010 таҳти раёсати Сарвазири вақтии мамлакат Оқил Оқилов оид ба таъсис ва ташкили фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат нахуст ҳисоботи шахсони масъул доир ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла ҳисоботи роҳбарияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» шунида шуд. Дар машварат гуфта шуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат айни замон минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд, Панҷ, Данғара ва Ишкошим таъсис дода шуда, вобаста ба роҳ мондани фаъолияти онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳрезӣ шудааст.
***
15 июли соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо дастгири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри собиқ Қӯрғонтеппа (имрўза Бохтар) ансамбли давлатии рақсии «Ситора» таъсис дода шуд. Дар ансамбл зиёда аз 30 нафар ҷавонписарону духтарон ҷалб гардиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ
Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки «Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад». Ҷонатан Данн изҳор дошт, ки «Хазинаи байналмилалии асъор барои татбиқи бомаром ва босамари ислоҳоти иқтисодӣ кумакҳои техникии худро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳониву минтақавӣ дареғ намедорад».
***
Соли 2020 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе» бо назардошти заминҳои воридгардида аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7 659,25 (ҳафт ҳазору шашсаду панҷоҳу нуҳу аз сад бисту панҷ) гектар тасдиқ гардид. Қарори мазкур дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.