ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июл, чоршанбе, 200-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 19, 2023 08:00

19 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳо «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи  моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»  имзо гузоштанд.

***

19 июли соли 2016  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев мулоқот намуданд.

***

19 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ-Раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нави Қазоқистон, Ҳиндустон,Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Полша, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия эътимоднома қабул намуданд.

19 ИЮЛ:

Дар Русия -Рӯзи кормандони ҳуқуқи Вазорати корҳои дохилӣ.

РӮЙДОДҲО:

19 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо  ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Конфронси   байналмилалӣ дар мавзуи «Раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба» ба кор  оғоз  намуд.

***

19 июли соли 2010 дар шаҳри Монктони Канада Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук байни ҷавонон оғоз гардида буд, ки Тоҷикистонро дар он Галина Митяева намояндагӣ кард.

***

19  июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.

Июль 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш