ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июл, панҷшанбе, 201-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 2013 дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави «Капитал» ба кор дароварда шуд, ки он ба коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр машғул аст.
***
20 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфтанд.
***
20 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони якчанд вазорату идораҳо ва шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуданд.
20 ИЮЛ :
Рӯзи байналмилалии шоҳмот.
***
Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Колумбия.
***
Дар Кипри Шимолӣ — Рӯзи сулҳ ва озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Боку ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
***
20 июли соли 2015 дар самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои мухталиф мубодилаи афкор намуданд.
***
20 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии сеюми махсуси СММ оид ба об ва офатҳои табиӣ таҳти унвони «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии марбут ба об», ки дар қароргоҳи ин ниҳоди байналмилалӣ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дилбар Сулаймонова — соли 1959- ҳунарпешаи театр