ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июл, якшанбе, 204-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 23, 2023 08:00

23 июли соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

 23 июли соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

 

***

14 сол пеш, 23 июли соли  2009 дар шаҳри Душанбе сессияи 20-уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати сеюм баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои амалкунандаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

 

23 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии наҳанг.

 

РӮЙДОДҲО:

 

23 июли соли 2022 сокини 10-миллионаи Тоҷикистон таваллуд шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакатро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуданд.

***

23 июли соли 2021 Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар Варзишгоҳи миллии  шаҳри Токиои Ҷопон оғоз шуданд.

 

***

23 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

23 июли соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъйини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пийер Морелро ба ҳузур пазируфтанд.

 

***

Дар ин рӯз, 23 июли соли 2011 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба  футбол бо дастаи миллии Сурия дар доираи давраи дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуд.

***

23 июли соли 1993 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Сиднейро макони баргузории Олимпиадаи соли 2000 интихоб намуд.

***

Соли 2000 моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии «Муштарӣ»  («Юпитер»)  кашф гардидааст.

 

Июль 23, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст