ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июл, панҷшанбе, 208-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 27, 2023 08:00

 27 июли соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима намуданд.

 

***

27 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.

 

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуданд.

 

27 ИЮЛ:

 

Дар Ветнам – Рӯзи қурбониёни расидан ба истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

 

27 июли соли 2022 масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Русия дар меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қарор гирифт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Кароматулло Олимов —соли 1944 -ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад