ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июл, ҷумъа, 209-умин рӯзи соли 2023 аст
28 июли соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъала «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» баррасӣ гардиданд.
***
28 июли соли 2021 баъд аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
***
28 июли соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаким Мирсайзод ва докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ» ба табъ расид.
28 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.
***
Дар Перу – Рӯзи истиқлол.
РӮЙДОДҲО:
28 июли соли 2022 ширкатҳои «Сифат саноат»-и Тоҷикистон ва «Dundariar»-и Туркия ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
***
28 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.
***
28 июли соли 2011 дар варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.
***
28 июли соли 2021 дар Душанбе иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро байни давлатҳои аъзо тазаккур доданд.
***
28 июли соли 2018 ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз танаффузи зиёд тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» дар самти Душанбе – Самарқанд нахустин парвоз анҷом дод.