ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, якшанбе, 211-умин рӯзи соли 2023 аст
30 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд кӯдакистони «Меҳросо»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст.
***
30 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.
***
30 июли соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
30 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон.
***
Дар Вануату – Рӯзи истиқлол.
РӮЙДОДҲО:
30 июли соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.
***
30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шуд.
***
30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид.
***
30 июли соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
***
Соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардиданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳабибулло Саидмуродов – соли 1933- олим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






