ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, душанбе, 212-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар намуданд.
***
31 июли соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд.
***
31 июли соли 2013 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мавзуъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуданд.
***
14 сол пеш, 31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супорида шуд.
31 ИЮЛ:
Рӯзи занони Африқо.
***
Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи падар.
РӮЙДОДҲО:
31 июли соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
***
31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.
***
31 июли соли 1994 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар барқарорсозии сохтори конститутсионии Гаити иҷозат дод.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ-соли 1943- шоир, драманавис, адабиётшинос, аъзои Шурои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи ба номи Деваштич.