ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июл, сешанбе, 185-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 4, 2023 08:00

4 июли соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон  2-3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рўзи  соли 2015   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвар – 239-умин солгарди Рузи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро – қабул фармоед. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дўстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор  монда, ба вазъи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷўҳи пайваста зоҳир менамояд».

***

4 июли соли 2013  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи мамлакат оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом доданд.

***

4 июли соли 2009 Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор иншооти ҷашнӣ, ки то солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд мавриди истифода қарор гиранд, дидан  намуданд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мавзеи боғи умумишаҳрии фарҳангию истироҳатӣ, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи панҷситорадори Ҳаёт- Душанбе бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.

***

4 июли соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшонро баррасӣ намуданд.

4 ИЮЛ:

Рӯзи таъсисёбии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

***

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъсис дода шуд.

***

4 июли соли 2015  бахши англисии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромад. Бахши нави англисии сомона мисли бахшҳои тоҷикӣ ва русии сомонаи нави АМИТ «Ховар» бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ таҳия шудааст, ки аз шакли қаблии худ бо тарҳ ва имконоти фаровони дастрасии осону фаврии хабарҳо фарқ мекунад.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ: 

Соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло  ҳамчун Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Ҳайрат Шанбезода — соли 1933-шоир, тарҷумон,  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Июль 4, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш