ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июл, чоршанбе, 186-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 5, 2023 08:00

5 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз талошҳои сарвари давлати ҳамсоя барои таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон изҳори ҷонибдорӣ намуданд.

***

Дар ин рўзи  соли 2021  таҳти раёсати  Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

13 сол пеш, 5 июли соли 2010 Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуданд.

***

5 июли соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода доданд. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.

***

5 июли соли 2013 бо иштироки Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Бохтар-Дӯстӣ ба масофаи 18 км расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Роҳ тайи як солу як моҳ бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблаҳғи грантии Ҳукумати Ҷопон  анҷом дода шудааст.

5 ИЮЛ:

Дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият.

 ***

Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

 5 июли соли 2022 дар Швейтсария масъалаи барқарор намудани намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

 ***

 Дар ин рӯзи соли 2021 ба ифтихори ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи  Мирсаид Миршакари  ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бинои маъмурии Нерӯгоҳи барқии обии «Себзор» ба истифода дода шуд.

***

5 июли соли 2013 дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар  нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Пойгоҳ, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст, аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав, автобусҳо ва мотосиклҳои нави таълимӣ иборат аст.

*** 

5 июли соли 2019 дар  шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди истифода қарор гирифт.

***

23 сол қабл, 5 июли соли  2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН  РӮЗ…

Соли 2013  дар шаҳри Бохтар  Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Ҷиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

***

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Парлумони Амрикоро бо сардории узви палатаи намояндагони Парлумони Иёлоти муттаҳидаи Амрико Дэн Бэртон ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории  байнидавлативу байнипарлумонии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, Дэн Бэртон таъкид дошт, ки мо бо Президенти Тоҷикистон масъалаи пазируфта шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро мавриди муҳокима қарор додем ва ҷониби Амрико омода аст, ки дар ин самт ба Тоҷикистон мусоидат намояд.        

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муқаддима Ашрафӣ соли 1936 — олим, санъатшинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор. Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Июль 5, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш