ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июл, панҷшанбе, 187-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 6, 2023 08:00

6 июл соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш баъди ширкат дар маросими расмии ифтитоҳи кӯпруки нав дар болои дарёи Панҷ аз ноҳияи Дарвоз  ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ омаданд. Сарвари давлат ва ҳайати ҳамроҳонаш дар яке аз қисматҳои зебоманзари шаҳри Хоруғ  нахустин хишти рамзиро барои бунёди  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  гузоштанд.

***

10 сол пеш, 6 июли соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Кӯлоби ноҳияи Вахш  Мактаб-гимназияи хусусии байналмилалӣ барои хонандагони болаёқат расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мактаб бо 32 синфхонаи ҳамаҷониба муҷаҳҳаз барои 640 нафар хонанда ва хобгоҳи зебою муосири он  барои 400 нафар хонандаи ба ҷойи зист ниёздошта пешбинӣ гардидааст. Беш аз 2,4 км роҳҳои дохил ва атрофи мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ ободу мумфарш карда шудааст.

***

6 июли соли 2013 дар ноҳияи Вахш  дар пайравӣ ба иқдомоти башардӯстонаи Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 10 ҷуфти навхонадорон ва 150 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Ба ҳар яки онҳо  аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии яквақта ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид. Ба 10 ҷуфти навхонадорон дар баробари телевизор, яхдон, мошини либосшӯйӣ, ҷиҳози хоб, қолин ва дигар ашёи рӯзгор 8 садякӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона дода шуд. 

***

6 июли соли 2013 дар ноҳияи Вахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи бузурги ресандагӣ оғоз бахшиданд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки корхона бо иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта то моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби ширкати ватании Беҳрӯзи Мурод сохта, ба кор дароварда мешавад. Корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар он 350 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

***

6 июли соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 зимни гуфтугуи телефонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду давлат дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.

***

6 июли соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Америка, аз ҷумла рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.

 6 ИЮЛ:

Дар Лесото – Рӯзи оила.

 ***

Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.

РӮЙДОДҲО:

6 июли соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» иштирок  намуданд.

 ***

6 июли соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

6 июли соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдои «Суғд-2018» ба кор оғоз кард, ки дар он  беш аз 320 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони қариб 200 ширкати дохилию хориҷӣ, чун Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, инчунин соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд.

***

 6 июли соли 2021  Бунгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Арабии Миср «Ал-Хабар-ул-явм» мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, бознашр намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН  РӮЗ…

Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе анҷом дод.

***

Соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи  воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ» ба имзо расид.

Июль 6, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш