ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июл, ҷумъа, 188-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 7, 2023 08:00

7 июли соли 2013  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш  дар маросими тантанавии ифтитоҳи Беморхона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил иштирок намуданд. Шифохона ва диспансери нави вилоятии бемории сил бо 8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва кумаки хориҷӣ бунёд гардида,  дорои утоқҳои муҷаҳҳази муоинаю ташхиси беморӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоӣ, ренгени электронии рақамӣ ва ғайра буда,  шифохона дорои 60 кати хоб мебошад. Танҳо дастгоҳи рентгени электронӣ, ки навтарин ва нахустин дар Тоҷикистон мебошад, бо маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст.

***

Дар ин рўзи соли 2013  баъди  ифтитоҳи Маркази вилоятии бемориҳои сили вилояти Хатлон  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо кормандони соҳаи тиб  мулоқот намуданд. Дар мулоқоти мазкур гуфта шуд, ки то имрӯз ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил се барномаи давлатии мубориза бар зидди сил ва ҷиҳати танзими ҳуқуқии ин масъала Қонун «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» қабул гардидааст. Мувофиқи таҳлилҳо ҳолати болоравии сироятёбӣ ба ин беморӣ аз соли 2009 боздошта шуда, фавти аҳолӣ назар ба даҳ соли охир ду баробар коҳиш ёфтааст.

***

10 сол пеш, дар ин рўзи  соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.

 ***

11 сол қабл, 7 июли соли 2012 Президенти   мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.

***

7 июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли 2023 баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба тавсиб расид. 

7 ИЮЛ:

Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

7 июли соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

***

7 июли соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

***

7 июли соли 2008  дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷашнвораи байналмилалии филми «Авруосиё» оғоз гардид, ки дар он  коргардонҳои Тоҷикистон низ чанде аз филмҳои худро пешниҳод намуданд. Дар ин рўз ҳамчунин  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ҷашнвораи байналмилалии дигари синамо баргузор гардид, ки дар он филмҳои драмматурги шинохтаи тоҷик Шодӣ Солеҳ таҳти унвони «Нони Раштон», «Рӯшноӣ», «Гул», ва «Ҳаром ва Ҳалол» ба намоиш гузошта шуданд.

ИНЧУНИН  ДАР ИН РӮЗ…                        

Соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар тӯйи хайрияи дастҷамъонаи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуданд. Ин маросими бошукӯҳ ва дар айни замон каммасрафи хайрия дар деҳаи Чапаеви Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид. Ба ҳар як оилаи ҷавон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии хайрия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид, ки аз телевизор, яхдон, мошини дӯзандагӣ, чангкаш, қолин ва дигар ашёи рӯзгор иборат аст. Ба кӯдакони хатнашавандаи оилаҳои ниёзманд бошад, сару либоси гуногун, дучарха, дигар бозичаҳои кӯдакона ва ғайра тақдим карда шуд.

Июль 7, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст