ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июл, шанбе, 189-умин рӯзи соли 2023 аст
8 июли соли 2022 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон Каталин Ева Верешне-Новак ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
***
8 июли соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
8 сол пеш, 8 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуданд. Пешвои миллат зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ ҳидоят намуданд.
***
9 сол пеш, 8 июли соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.
***
8 июли соли 2004 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
8 ИЮЛ:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.
***
Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.
***
Дар Русия — Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат.
РӮЙДОДҲО:
8 июли соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
***
13 сол қабл, 8 июли соли 2010 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил дод.
***
8 июли соли 2013 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бинои нави прокуратура ба истифода дода шуд. Бинои мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сохта шудааст. Ҳуҷраҳои кории бино кушоду барҳаво буда, бо асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар шафати бинои асосии прокуратураи ноҳия меҳмонхона, ошхона ва толори истироҳатӣ низ барои хизматрасонӣ омода карда шудааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Бобохон Маҳмадов — соли 1950 — ходими давлатӣ