ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 июл, якшанбе, 190-умин рӯзи соли 2023 аст
9 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
***
9 июли соли 2018 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат машварати корӣ доир намуданд.
***
11 сол пеш, 9 июли соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
13 сол пеш, 9 июли соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.
9 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии теннис.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
***
Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.
РӮЙДОДҲО:
9 июли соли 2021 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як зумра соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар бунёди бино ва иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, аз тарафи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вақтии вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷоизаи «Ободгари Ватан» ва «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
***
9 июли соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда, дар маҷлиси фаъолони шаҳру ноҳияи Исфара иштирок ва суханронӣ намуданд. Маҷлис таҳти раёсати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар он вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияи Исфара мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
***
Соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Истаравшани бостонӣ мактаби нави деҳаи Найманро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Баъдан Сарвари давлат бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Истаравшан мулоқот намуданд.