Тадқиқот ҳадди тобоварии баданро ба гармӣ ва намии баланд нишон доданд

Июль 25, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тадқиқоти нави олимони Донишгоҳи Пенсилвания тасдиқ намуд, ки дар иқлими намӣ дараҷаи гармии бадани инсон нисбат ба намии паст хеле камтар аст. Хулосаҳо махсусан барои сокинони кишварҳое муфид мебошанд, ки намӣ дар тобистон ба 70 дарсад ё бештар аз он мерасад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба сомонаи news.israelinfo.co.il хабар додааст.

Олимони амрикоӣ 24 нафар ихтиёриёни ҷавони солимро интихоб намуда, ба онҳо ҳабро бо термометр доданд, ки фурӯ баранд, то  ҳарорати дохили баданашонро ҳамеша назорат намоянд. Онҳоро дар капсулаҳои махсус гузоштанд, ки дар он ҷо ҳарорат ва намии ҳаворо тағйир додан мумкин буд.

Маълум гардид, ки агар намии ҳаво 50 фоизро ташкил диҳад, бадани солим аллакай дар 31 дараҷа ба ҳадди муҳими муҳити зисти солим мерасад. Пас аз ин «ҳадди ниҳоӣ» дар бадан равандҳои харобиовар оғоз мешаванд. Таъсири дарозмуддат ба гармӣ ва намӣ хатари мушкилоти саломатиро хеле зиёд мекунад. Ин тадқиқотро ба наздикӣ шабакаи амрикоии CBS News нашр кардааст.

Ҳатто ҳарорати баландтар ҳам дар якҷоягӣ бо намии паст ба бадан  аз он сабаб камтар зарар мерасонад, ки дар ҳолати намии баланд арақ сусттар бухор ва раванди сардшавии бадан бадтар мешавад.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ

Июль 25, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд