Имсол дар Тоҷикистон 2500-солагии шахраки қадимаи Тахти Сангин бо шукуҳи хосса таҷлил карда мешавад

Июль 23, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 23.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол  дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин таҷлил карда мешавад, ки дар робита ба ин аз ҷониби  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, то охири моҳи июли соли равон озмун оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин гузаронида мешавад. Инчунин давоми сол албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти шаҳристони Тахти Сангин чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон шаҳристони Тахти Сангин аз назари илмӣ, таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ омӯхта мешавад.

Дар назар аст, ки соли равон дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ зиёд гардида, китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» таҳия ва чоп гардад.

Инчунин соли равон баргузории намоиши «Тахти Сангин -ёдгории фарҳангии антиқии Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст.

Моҳи октябри соли 2023 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

Дар доираи ҷашнвораи мазкур байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои мамлакат озмун ташкил шуда, баргузории дигар чорабиниҳо низ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад.

Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин  маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми  боздид аз  Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиён ба олимон супориш доданд, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

8 марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро, аз ҷумла лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорид. Ин нусхаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.Тахти Сангин ёдгории чандқабата буда, қабати қадимаи он ба асрҳои VI –V то мелод рост меояд, сохтмони маъбади оташ ва дигар биноҳо ба асри  IV то мелод мансубанд, ки то асрҳои III — IV мелодӣ тармиму таъмир ёфтаанд.

Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашё асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуд аст, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 23, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт