«ТАНАФФУСИ КАЛОН». Хонандагон аз Тоҷикистон дар «Артек»-и Сочи дар ин озмун ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек»-и Сочи натиҷаҳои озмуни умумирусиягии «Танаффуси калон» ҷамъбаст шуданд. Дар озмун зиёда аз 900 хонанда аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар озмуни байналмилалӣ 12 ҷавони тоҷик аз Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд иштирок намуда, се нафарашон дар номинатсияҳои худ ғолиб омаданд. Ин се нафар ба «Сайри орзуҳо»- аз шаҳри Санкт-Петербург то Владивосток роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар идомаи сафар хонандаҳои тоҷик метавонанд кӯҳҳои Урал, Карелия, кӯли Байкал, космодром «Шарки» — ро бубинанд ва инчунин дар барномаи таълимӣ ва фарҳангӣ иштирок намоянд.
Дар озмун хонандаҳо ва хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат лоиҳаҳои таҳиякардаи худро муаррифӣ намуда, назари худро дар бораи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон баён доштанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд






