ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади иҷрои талаботи қонуни мазкур озмун доир шуд

Июль 15, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», эҳёи таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо озмуни дастархонороӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Озмун бо иштироки намояндагони 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ва муассисаҳои соҳаи маориф доир карда шуд.

Дар озмун аз ҷониби иштирокчиён якчанд намуди таомҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, ширбиринҷ, оши палав, оши бадӯғ, умоч, нони баҳалво, фатиру тунукча, ҳалво ва дигар анвои хӯрокворӣ пешниҳод гардид.

Ҳайати ҳакамон бо дастархонҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён шинос шуда, ба ҳар дастархон вобаста ба интихоби он ва мавҷудияти аломатҳои миллӣ, сарфакорона оростани дастархон, зебо ва дилписанд будани он, истифодаи зарфҳои миллӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо дар дастархон, мавҷудияти хӯриш ва нӯшокиҳои миллӣ дар дастархон, омода намудани дастархон пеш аз пешниҳоди таом, инчунин дигар хизматрасонӣ баҳо гузоштанд.

Дар охир ғолибон бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Июль 15, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад