Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин дар таҳрири нав қабул гардид
ДУШАНБЕ, 11.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба саҳми замин аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин» дар таҳрири нав қабул гардид.
Мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Туйчимуҳаммад Холзода ин санадро шарҳ дода, иброз дошт, ки «бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳалли масъалаҳои вобаста ба саҳми замин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, бо қарори Раиси Кумитаи давлатӣ аз 19 майи соли 2023 тасдиқ гардидани «Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин» ва ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки хусусияти умумиҳатмӣ дорад, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2023 ба қайд гирифта шудани он барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.
Санади мазкур барои ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, муайян намудани андоза ва саҳми замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи заминсозӣ ва бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Зимнан ёдовар шудан ба маврид аст, ки Шаҳодатномаи саҳми замин ҳуҷҷате мебошад, ки саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ ва андозаи онро муайян менамояд.
Туйчимуҳаммад Холзода тазаккур дод, ки пас аз таҷдид шудани ташкилотҳои кишоварзӣ, шумораи хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва ҳаҷман хурд ба маротиб зиёд гардида, баҳсҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ба қитъаи замин ва саҳми замин яке аз масъалаи мубрам ва зарурӣ ба шумор меравад. Пӯшида нест, ки баъзе роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз мақоми худ суистифода намуда, бе ягон асоси қонунӣ ва худсарона бо роҳи тартиб додани протоколҳои қалбакӣ ва ғайриқонунӣ аъзои хоҷагиҳои деҳқониро аз саҳм маҳрум намуда, ҳамин тариқ ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ба истифодаи замин халалдор менамоянд.
«Дар маҷмӯъ мавриди амал қарор гирифтани Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми заминро метавон хеле муҳим арзёбӣ намуд, ки он ба ҳалли мушкилоти саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намуда, дигар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони манфиатдор наметавонанд, худсарона аз пеши худ аъзоёни хоҷагиҳои деҳқониро аз саҳми замин маҳрум намоянд»,-афзуд Туйчимуҳаммад Холзода.
Бо матни пурраи Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин хонандагон метавонанд аз сомонаи расмии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ (www.zamin.tj) шинос шаванд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноку мақсадноки қитъаҳои замин ва аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳар баромаду мулоқотҳояшон оид ба ин масъала ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳанд.
Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 27 апрели соли 2023 таъкид доштанд, ки «Тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд».
Дар ин замина гуфтан ба маврид аст, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ (ҷамоавӣ, деҳқонӣ, оилавӣ, инфиродӣ ва ғ.) дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ саҳми муносиб доранд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид






