«ТАЪСИРИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ БА ИНКИШОФИ КӮДАК». Дар Душанбе бо иштироки мудирони муассисаҳои томактабӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Таъсири хушунати хонаводагӣ ба инкишофи кӯдак» байни мудирон ва равоншиносони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияҳои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ-иттиоотӣ оид ба тарғиби ҳаёти бе зӯроварӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2014 тасдиқ гардидааст, доир шуд.
Тазаккур дода шуд, ки барнома дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи милитсия», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона гардидаанд, таҳия шудааст.
Зимни он гуфта шуд, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солими ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мақсади асосии баргузории ҳамоиш- пешигии зӯроварӣ ва кирдорҳои номатлуб нисбат ба кӯдакон дар оила, тарғиби ҳаёти бе зӯроварӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ аз ҷониби масъулини муассисаҳои таълимии томактабӣ мебошад.
Ҳамзамон ҳадафи дигари ҳамоиш- таълиму тарбия, инкишофи ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон ва дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






