ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Басти чоруми истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид

Июль 24, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии пойтахт бо фарогирии 948 нафар хонандагон басти чоруми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Аз ҷумла, дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 948 нафар, дар 36 майдончаи солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва бо фарогирии 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Дар маҷмуъ, дар 4 баст тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 майи соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023» 10 ҳазору 352 нафар- 4192 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ аз 12 июн то 4 августи соли 2023 бо давомнокии 11-рӯзӣ ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 24, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад