Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Хакасия намоишномаи «Наврӯз»-ро пешниҳоди тамошобинон мегардонад
ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 10 июли соли равон гурӯҳи эҷодии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дувоздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии экологиву этникии театрҳои лӯхтак, ки дар Ҷумҳурии Хакасия таҳти унвони «Чир чайаан дар болои алаф» баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷашнвораи мазкур аз ҷониби ҳунармандони тоҷик намоиши «Наврӯз» пешкаши ҳакамон ва тамошобинон гардонида мешавад.
Намоиши «Наврӯз» (муаллиф Ҳотам Салимов, коргардони таҳиягар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Иззатулло Сафаров) асари нави саҳнавӣ буда, ба тарзи хиёбонӣ ба саҳна гузошта шудааст. Маросимҳои суннатии наврӯзӣ, аз ҷумла гулгардонии кӯдакон, мушоира, ҳунарнамоии мутрибону овозхонон, паҳлавонон, масхарабозон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, буҷулбозӣ, арғамчинкашӣ, афрӯхтани оташ, маросими аловпарак, пӯхтани суманак, рақсу бозиҳои мардумӣ ва ғайра бо маҳорат ва ба таври зиндаву боварибахш нишон дода мешаванд.
Дар ҷашнвораи номбурда ҳунармандони театрҳои лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Эрон, Беларус, Италия, Фаронса, Финляндия, Бразилия, Ҷопон, Чин, Исроил ва ғайра иштирок менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 4 июл дар Боғи фарҳанг ва фароғати шаҳри Абакан намоиши ҳунармандони Театри лӯхтаки тоҷик доир мегардад. Ба ғайр аз ин, дар ду шаҳри калони Ҷумҳурии Хакасия– 5 июл дар шаҳри Аскиз ва 7 июл дар шаҳри Абаз ду намоиши иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанберо роҳбари бадеии театр Наргис Розиқзода сарварӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе соли 2005 дар сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии экологиву этникии театрҳои лӯхтак «Чир чайаан дар болои алаф» бо намоиши «Офтобак, Моҳтобак ва Хурӯсак» (муаллиф Шамсӣ Қиёмов) иштирок намуда, сазовори Диплом ва ҷоиза гардида буд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд






