Теъдоди бар асари бориш ҳалокшудагон дар Кореяи Ҷанубӣ ба 39 нафар расид
ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ ва ярч бар асари бориши шадид дар Кореяи Ҷанубӣ ба 39 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Yonhap бо истинод ба ситоди марказии чораҳои амниятӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ хабар додааст.
Мувофиқи иттилои ситод, аз 9 июл то соати 11:00-и вақти маҳаллии рӯзи якшанбе 33 нафар ҳалок ва беш аз 10 нафар бедарак шудаанд. Дертар ситод ду ҳодисаи фавтро дар музофоти Кёнсан — Пукто ва ду ҳодисаи дигарро бар асари обхезии нақби зеризаминии автомобилӣ дар музофоти Чхунчхон — Пукто тасдиқ намуд.
Қаблан агентии Yonhap иттилоъ дод, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 9 нафар ба ҳалокат расида, ҳоло ҳамаи онҳо ба омор шомил шудаанд. Дар натиҷаи бориши шадид дарёи маҳаллӣ аз соҳилҳо баромад. Дар нақби дарозиаш 685 метр 15 мошин, аз ҷумла як автобус манъ шудаанд. Шумораи ҳалокшудагон метавонад афзоиш ёбад, амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Бинобар пайомадҳои боронҳои шадид шумораи рекордии сокинони Кореяи Ҷанубӣ дар 12 сол зарар дидааст, ҳол он ки танҳо даҳаи дуюми моҳи июл идома дорад, таъкид шудааст дар маводи Yonhap. Соли 2011 78 нафар бедарак шуда ё фавтидаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






